Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо Мудири тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалии Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings

30 марти 2023
Дар ҳошияи баргузории Форуми самоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир санаи 29 марти соли 2023, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сирочиддин Салом бо Мудири тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалии Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings хонум Катлин Плункет мулоқот баргузор намуданд.

Дар рафти мулоқот нишондиҳандаҳои молиявии Амонатбонк ва нақшаҳои минбаъда оид ба дастрас намудани нуфузи байналмилали мавриди барраси қарор дода шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Бонк рунамои оид ба дастовардҳои молиявӣ дар соли 2022 пешкаш гардида, омодагии Амонатбонк ҷиҳати дастрас намудани нуфузи сатҳи байнамимали изҳор гардид.

Боиси ёдоварист ки, пас аз шиносои пайдо намудан аз фаъолияти молиявии Амонатбонк, намояндаи Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings хонум Катлин Плункет таваҷҷуҳаш ба Бонк бештар гардида, изҳор намуд, ки гуруҳи кории Оҷонси омодааст дар наздиктарин рӯзхо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, фаъолияти муштаракро оид ба додани нуфузи байналмилали ба Амонатбонк, оғоз намояд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибхо ба хулоса омаданд,  ки гуруҳи кории муштарак таъсис дода, дар ин самт фаъолиятро оғоз намоянд.

КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда, дар самти баланд бардоштани хизматрасонихои бонкӣ, дастгири намудани соҳибкорони ватанӣ, ҷалби бештари сармояи арзони хориҷи ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани обрую нуфузи Бонк дар арсаи байналмилали ҳама чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк