Мулоқоти Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати БАТР

01 апрели 2022

Санаи 31 марти соли ҷорӣ ҳайати расмии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ - ҷаноби Ҷорҷ Орлов ҷиҳати баргузор намудани вохўрии дуҷониба бо Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ба бинои марказии Бонк ташриф оварданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии вохўрии мазкур ин баррасии вазъи бахши молиявии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021 бо дарназардошти таъсири пандемия, инчунин арзёбии дурнамои ҳамкориҳои оянда бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.

Дар оғози мулоқоти дуҷониба аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., рунамоӣ оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар соли 2021, пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд карда шуд. Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ - ҷаноби Ҷорҷ Орлов нисбат ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун Бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк