Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ

01 феврал 2023

Нимаи дуюми санаи 01 феврали соли 2023, ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Хуан Карлос оид ба гузаронидани баҳодиҳии самараноки идоракунии қарзи давлатӣ ба бинои марказии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ташриф оварданд.

Ҳайати кории Бонки Ҷаҳониро Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом шодбош гуфта, сипас оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар соли 2022, маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, Раиси Раёсати Бонк қайд карданд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна вазъи молиявии Амонатбонк дар ҳолати хуб қарор дорад.

Дар рафти мулоқот ҷаноби Хуан Карлос қайд намуд, ки Амонатбонк яке бонкҳои асосӣ ва низомсоз буда, метавонад саҳми назарраси худро дар ҷоннок намудани бозори қоғазҳои қимматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорад.

Аз тарафи ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба қарзҳои давлатӣ саволҳои гуногун пешниҳод гардида, аз ҷониби муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Дар робита ба ин, ҷаноби Хуан Карлос иброз дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ омодааст дар ин самт ҳамкориҳояшро бо БДА ҶТ «Амонатбонк» густариш диҳад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои муштарак иброз намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк