Намоиш оид ба дастовардҳо, хизматрасонӣ ва маҳсулотҳои соҳаи бонкдорӣ.
Санаи 05-уми октябри соли равон бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо”, дар назди майдони 800 солагии Москваи шаҳри Душанбе бо иштироки ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар намоиши маҳсулотҳои бонкӣ, дастовардҳои соҳа ва ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.
Аз намоиши ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. дидан намуданд.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” низ дар намоиши дастоварҳои соҳаи бонкдории кишвар фаъолона ширкат варзида, доир ба маҳсулотҳои бонкии хеш аз қабили намуди пасандозҳо, пешниҳоди қарз бо фоизи дастрас, хизматрасониҳои овердрафтӣ, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, пайваст намудани корт ба смс паёмак ва ғайра ба мизоҷони хеш маълумотҳои муфид пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба ҷойҳои кори холӣ дар БДА ҶТ “Амонтбонк” гӯшаи махсус ташкил гардида, хоҳишмандон вобаста ба масъалаи мазкур маълумот гирифтанд.
Ташкил ва баргузор намудани чунин намоишҳо ба хотири дастрасии аҳолӣ ба маълумоти бештар оид ба намуди хизматрасониҳои бонкӣ ва тарғибу ташвиқи дастовардои соҳа манфиатовар мебошад.













