Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2023

11 июл 2023

Санаи 10-уми июли соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” доир ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2023-юм ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласа бо иштироки Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сайфзода Ш.Ҷ., мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои “Амонатбонк”, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Бонк Сафарзода Рукмина Сафар, муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Бонк Наимӣ Аъламхон Қодир ва сардори идораи бозрасии бонкҳои департаменти назорати бонкии БМТ Иброҳими Раҳим баргузор гардид.

Дар қисмати аввали ҷаласа муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. баромад намуда, доир ба фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” давоми нимсолаи якуми соли 2023-юм ба ҳозирин маълумот доданд.

Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ “Амонатбонк” сайъу кўшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми солона, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2023 равона намуда, дар ҳаҷми 57,7 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5% зиёд мебошад.

Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 41,7 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47% зиёд мебошад.       

Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Вобаста ба ин ба ҳолати 30 июни соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 26,7 ҳазор муштарӣ 993,4 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 12,2% зиёд гардидааст.  

Дар ин раванд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дастгирии занони соҳибкори кишвар, Бонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Баҳор-2023», «Автоқарз» ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намуд.

Боиси қайд аст, ки Амонатбонк бо мақсади дастгирии аҳолӣ дар самти сохтмон, васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ ва харидории манзилҳои истиқоматӣ, “Қарзҳои ипотекӣ”-ро низ ҷорӣ намудааст.

Амонатбонк фаъолияти худро дар ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ низ вусъат бахшида истодааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА кушода шуда, ба 39 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 15,6 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ўзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст.

Дар натиҷаи эътимоди аҳолӣ ба Амонатбонк, шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба 1,9 млн. нафар расидааст. Дар натиҷа, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар Амонатбонк ба санаи 30 июни соли 2023 маблағи наздики 4,9 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2% зиёд мебошад ва Бонк аз рўи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

Дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, аз санаи 1 августи соли ҷорӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ, Амонатбонк чорабиниҳои дахлдорро татбиқ намуда истодааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати омода намудани инфрасохтори зарурӣ барои пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ Бонк дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва нуқтаҳои дар нозироти андоз ҷойгиршуда да маҷмуъ 855 адад постерминал насб намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 30 июни соли 2023 тавассути постерминалҳои болозикр зиёда аз 314 млн. сомонӣ маблағҳои андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва коммуналӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт шуда, ин нишондиҳанда вобаста аз васеъ шудани инфрасохтор ва шумораи мизоҷон афзоиш ёфта истодааст.    

Бо мақсади тавсеа ва тақвият бахшидани хизматрасониҳои фосилавӣ дар замимабарномаи “Амонат-мобайл” низ, имконияти анҷом додани пардохти андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ татбиқ шуда, дар ин давра шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ 392 495 адад ва гардиши маблағҳо 1 371 417 091 сомониро ташкил намуд.

Маҳсулоти дигари бонкӣ, ки ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва фаврии мизоҷон такон мебахшад, ин интернетбонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуда, айни ҳол 8 044 адад корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд.

Баъд аз маърўзаи муовини Раиси Раёсат оид ба натиҷаи фаъолияти Амонатбонк давоми нимсолаи якуми соли 2023, аъзоёни Раёсати Бонк низ баромад намуда, фикру ақидаҳои худро нисбат ба фаъолияти соҳа иброз намуда, нишондодҳои молиявии Амонатбонкро дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Бонк, мудирон ва сармуҳосибони филиалҳои “Амонатбонк” оид ба фаъолияти самти худ дар давоми нимсолаи якуми соли 2023-юм ба Раиси Раёсат ҳисобот доданд.

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. қайд намуданд, ки “Амонатбонк” ҳамчун бонки давлатӣ сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ намуда, дар самти пешниҳоди хизматрасонҳои бонкӣ, ба аҳолии кишвар саҳмгузор мебошад.

Бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юм декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586, аз 22 июни соли ҷорӣ “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” қайд гардид, ки ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани фармони мазкур фаъолиятро ҷоннок намуда, ба ин васила ҷиҳати   таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, мусоидат ба рушди бахши молиявӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ саҳмгузор бошем. Аз ин рӯ аз ҳар як нафар корманди Бонк талаб карда мешавад, то бо виҷдони пок фаъолияти рўзмараи хешро ба роҳ монда, дар самти рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми бевоситаи худро гузошта бошанд.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, ба таври васеъ ба роҳ мондани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ ва устувор гардонидани мавқеи Бонк ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкии кишвар, андешидани чораҳо дар самти баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати такмили савияи касбии кормандони Бонк доир ба истифодаи технологияи рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, махсусан ба соҳибкории хурду миёна, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ суханронӣ карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк