Натиҷаи фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар семоҳаи якуми соли 2021

30 апрел 2021

Санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Сайфзода Ш. Ҷ., Ризвонзода Ф.З., ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар семоҳаи якуми соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсат муҳтарам Наимӣ Аъламхон Қодириён, Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсат Сафарзода Рукмина Сафар, Сардори идораи назорати ташкилотҳои маблағгузории хурди БМТ Абдуллоев Зафар ва Сардори Раёсати молия ва ҳисобдории марказонидашудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Иттифоқ Қаҳрамонович ҳузур доштанд.

Дар оғози ҷаласа нахуст Муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ . оид ба натиҷаи фаъолияти Амонатбонк дар семоҳаи якуми соли 2021 баромад намуданд.

Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ БДА ҶТ “Амонатбонк” тамоми сайъу кўшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2021 равона намуда, нақшаи пешбинишударо бо пуррагӣ таъмин намуда, дар ҳаҷми 13,9 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   39% зиёд мебошад.

Ҳаҷми сармояи Бонк бошад дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 471,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020   7,5% зиёд мебошад.

Дороиҳои Бонк маблағи 4,6 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 4,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 5,2% ва 4,9% зиёд мебошад.          

Бонк дар семоҳаи якуми соли 2021 дар маҷмуъ 24,8 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта    6,6% зиёд мебошад.

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри дар 7 соли оянда ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Бонк ба ҳолати 31 марти соли 2021 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 18 ҳазор муштарӣ 238 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи қарзгирон 29,7% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 5,3% зиёд гардидааст.

Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 28,3%, кишварзӣ 21,4%, истеъмолӣ 20,4%, сохтмон 7,9%, тиҷорат 13,2% нақлиёт 7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хўроки умумӣ) 1,8% рост меояд.

Дар самти бартараф намудани камбудиҳо дар самти ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 50%-и қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.

Ҳамзамон, Бонк бо дарназардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2020 ҷорӣ намуда буд, иловатан аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2021 вобаста ба оғоз гардидани давраи кишту кор роҳандозӣ намуд.

Инчунин, аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА кушода шуда, ба 11 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 6,1 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ўзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод намудааст.

Дар хотимаи ҷаласа оид ба мавзӯъҳои соҳавӣ суолу ҷавоб сурат гирифта қайд гардид, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” минбаъд низ барои рушди устувори иқтисодиёти мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк