Нишасти матбуотӣ дар Амонатбонк
Санаи 09-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз 40 намояндаи воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” доир ба натиҷаҳои фаъолият давоми соли 2023 баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, фаъолияти Амонатбонкро давоми соли 2023 натиҷагирӣ намуданд.
Маълумотҳои ба рӯзноманигорон пешниҳодгардида, оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, андозҳои пардохтшудаи Бонк, пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда, ҷалби сармояи мустақим, ҳамкориҳо бо шарикони рушд, қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, таркиби қарзҳои додашудаи Бонк аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт дар соли 2023, бақияи сандуқи қарзӣ, фаъолият дар самти таҷдид ва тақвияти инфрасохтор барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра иборат буд.
Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ фаъол буда, вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла вобаста ба фаъолияти Бонк ва инфрасохтори он ҷиҳати гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, анҷом додани амалиётҳо бо замима барномаи мобилии Амонат-мобайл, фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва муроҷиати зиёди мизоҷон ба он, қарзҳои ҷудогардида барои рушди соҳаи сайёҳӣ, қарзҳои ипотекӣ, кортҳо, ба фуруш гузошта шудани сабикаҳои тиллоии Бонки миллии Тоҷикистон, меъёри бозтамвил, фаъолияти банкоматҳо, муҳлати қабул ва пардохти саҳмияҳои ҶСШК «Сангтўда»-и барҳамдодашуда, фаъолияти Бонк дар самти корҳои ободонӣ ва ғайра суолҳо пешниҳод гардиданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.