Хабарҳо

Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон 2022.
24 июни 2022

Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон 2022.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии “Манеж” намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон 2022 баргузор гардид.


Семинар оид ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик –шоҳасари безаволи  Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”
16 июни 2022

Семинар оид ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик –шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”

Дар робита ба иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ  ва омўзиши таърихи халқу миллати тоҷик, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ, инчунин ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омўзиши таърихи халқи тоҷик – шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» , санаи 16 июни соли 2022 дар бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», семинар оид ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик –шоҳасари безаволи  Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” баргузор гардид.


Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
16 июни 2022

Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор намудани чорабинӣ оид ба ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week -2022), БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.


Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти Белорусбанк
10 июни 2022

Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти Белорусбанк

10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҳошияи баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва муовини якуми  Раиси Раёсати ҶСК «Белорусбанк» Поливко Александр Иосифович баргузор гардид.


Иштироки ҳайати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Мисри Араб
10 июни 2022

Иштироки ҳайати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Мисри Араб

Санаи 02-юм ва 04-уми  июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Мисри Араб Форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии БДА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк