Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Пули миллӣ-ифтихори миллӣ”

30 октябр 2024
Санаи 30-юми октябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба рӯзи ба муомилот баровардани пули миллӣ-сомонӣ бо иштироки доктори илми иқтисод, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода Ш.М. дар мавзӯи “Пули миллӣ-ифтихори миллӣ” семинари омӯзишӣ доир гардид.

Семинарро муовини Раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ризвонзода Ф.З. ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки пули миллӣ-сомонӣ дар радифи парчам, нишон ва суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишонаҳои асосии давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад ва яке аз рукнҳои асосии Истиқлол ва нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад.

Сипас доктори илми иқтисод, профессор Раҳимзода Ш.М. ба сухан баромада, қайд намуданд, ки маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик  соҳиби пули миллии худ гардид ва ин падида барои давлат ва миллат дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад ва онро метавон оғози ислоҳоти сифатан нави иқтисодиёти ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. 

Гуфта шуд, ки пули миллӣ ба сифати шиносномаи миллат барои таҳкими давлатдорӣ ва эътирофи Тоҷикистон  дар миқёси байналмилалӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсист. 

Ёдовар карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» воҳиди нави пули миллӣ-«Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва дирамҳо бо арзиши номиналии 1, 5, 20, 50 тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд, ки дар онҳо расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон ҷой дода шуда, унсурҳои ҳимоявии пули «сомонӣ» тамоми воситаҳои пешрафтаи маъмулро дар бар гирифтаанд. 

Зикр гардид, ки пули миллии сомониро яке аз ширкатҳои бонуфузи Олмон баровардааст ва аз он лаҳзаҳои таърихӣ филми мустанад ба ҳозирин намоиш дода шуд, ки таърихи барориши пули миллиро ифода менамуд ва дар он лаҳзаҳои корӣ дар лаборатория ва сехи барориши пул тасвир ёфта, ҳар як лаҳзаи ин филм хосатан шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар охир дар бораи зарурати барориши пули миллӣ, мустақилият ва пули миллӣ, таносуби қурби пули миллӣ нисбати дигар асъорҳои хориҷӣ, паёмади баровардани номинали пулҳои калон, эҳтиром нисбати пули миллӣ ва дигар саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк