Тақдими туҳфаҳо ба ғолибони озмуни “VISA-ҳамеша наздик”

06 феврал 2026

Санаи 06-уми феврали соли ҷорӣ дар раёсати Амонатбонк маросими ҷамъбастии озмуни “VISA-ҳамеша наздик” бо иштироки муовини раиси раёсати Амонатбонк Ризвонзода Ф.З. мизоҷони Бонк ва ғолибони озмун доир гардид.

Боиси зикр аст, ки озмуни мазкур аз санаи 01-уми сентябр то 31-уми декабри соли 2025 доир гардида, барои нафароне, ки тавассути кортҳои VISA-и Амонатбонк бештар амалиётҳои ғайринақдиро анҷом медиҳанд пешбинӣ гардида буд.

Аз қабили интиқоли маблағ тавассути Visa Direct ва Visa+дар Амонатмобайл, пардохти маблағи хизматрасониҳо ба таври   ғайринақдӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба воситаи корти Visa ва хариди онлайн дар платформаҳои дохилию хориҷӣ ба шумор мерафт.

Аз рӯи ин шартҳо 3 нафаре, ки аз ҳама бештар амалиётҳои болозикрро анҷом додаанд тариқи барномаи дохилибонкӣ муйян гардида, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои арзишманд аз қабили iPad Air, MacBookPro ва iPhone 17 Pro тақдим гардид.

Мизоҷони доимии Бонк низ ҷиҳати фаъолона истифода намудан аз кортҳои VISA-и Амонатбонк ва анҷом додани амлиётҳои гуногун, бо туҳфаҳои брендӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қайд менамоем, ки вобаста ба баргузории озмун тавассути саҳифаҳои Бонк дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма эълон пахш карда шуда, хоҳишмандон ҷиҳати иштирок даъват гардиданд.

Ҳамзамон дар рафти озмун ба хоҳишмандон кортҳои VISA GOLD ва VISA CLASSIC аз Амонатбонк комилан ройгон тақдим гардид.

Ташкил ва баргузор намудани чунин озмунҳо ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дар ин замина ҳавасманд намудани онҳо мусоидат менамояд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк