Таҷлил аз ҷашни пурифтихори Рӯзи Модар дар Амонатбонк

07 марти 2023

Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар бинои марказии Амонатбонк бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” муҳтарам Икромӣ С.С. занону бонувонро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфтанд.

Зикр гардид, ки Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем.

Гуфта шуд, ки мақоми зани тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии Ватани азизамон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баландтар гардида, занон дар баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ гаштанд ва дар ин самт ба мувафақиятҳо ноил гардиданд.

        Дар идома Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо ба сухан баромада ҳозиринро бо Рӯзи Модар табрику муборакбод гуфта, зикр намуданд, ки мо тоҷикон ҳамеша мақому манзалат ва ҳурмату эҳтироми зан-модар ва ба қавли бузургонамон, олиҳаи зиндагиро баланд қадр мекунем. Ин қадршиносиву муҳаббати бепоён дар ашъори адибони оламшумули мо дар пояҳои баландтарин инъикос ёфтааст. Ва беҳуда нест, ки дар тамоми давраҳои таърихи инкишофи миллатамон занон ҳамеша мавқеи хоса ва нақши барҷаста доштаанд.

Дар интиҳои чорабинӣ раиси Шўрои ҷавонон ва раиси Шўрои занони Бонк сухан ронда, аз ашъори шоирони ширинкалом дар васфи Зан-Модар шеъру ғазали пурмазмун қироат карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк