Вохӯрии “Амонатбонк” бо хатмкунандагони ДДМ ба номи М.В. Ломоносов

13 июн 2024

Санаи 13-уми июни соли ҷорӣ дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш.Душанбе вохӯрии хатмкунандагони донишгоҳи мазкур бо намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои қарзии кишвар баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрии мазкур намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ низ баргузор гардида, Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”" ба хатмкунандагони ДДМ ба номи М.В. Ломоносов ва дигар корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуд.

Дар рафти намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби масъулини “Амонатбонк” ба иштирокчиён дар баробари тартиби қабул ба кор дар Бонк, оид ба хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои гуногуни соҳавӣ низ маълумот пешниҳод гардид.

Дар қисмати дигари чорабинӣ бошад иқтисодчии асосии Идораи муносибатҳои байналмилалии “Амонатбонк” Нарзуллоев А.М. бо маъруза баромад намуда, ба иштирокдорон оиди дастовардҳои Бонк, фаъолият ва дастгирии мутахассисони ҷавон, имконияти рушду пешрафти онҳо ва шарту шароити корӣ дар Бонк маълумот пешниҳод намуданд.

Ташкил ва баргузории чунин чорабинӣ бо иштироки хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар имкон фароҳам месозад, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои худ ҷойи кори мувофиқ пайдо намуда, бо шарту шароит ва роҳнамоиҳои ташкилоту муассисаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ошноӣ пайдо карда, барои ояндаи дурахшони хеш саҳмгузор бошанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк