Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати расмии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 01 июли соли 2021 вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Субхренду Чатарҷӣ баргузор гардид.
Дар вохўрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла арзёбии лоиҳаи «Тақвияти бахшҳои молиявӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) амалӣ мегардад, ҳолати кунунӣ ва стратегияи афзалиятнокии Амонатбонк, сарчашмаҳои даромад, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, механизмҳои танзими бонкӣ ва баҳогузории идоракунии корпоративиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳангоми мулоқот қайд карда шуд, ки айни замон ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дорад ва Амонатбонк ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Дар маҷмўъ вохўрӣ дар фазои дўстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.