Вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати расмии Хазинаи байналмилалии асъор
Санаи 16 июни соли 2021 тариқи видеоконфронс вохўрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ С.С. бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Селим Электаг баргузор гардид.
Дар вохўрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла бизнес модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, хароҷотҳо барои маблаѓгузорӣ ва иҷро намудани ўҳдадориҳо дар назди пасандозгузорон, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дошта Амонатбонк ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Дар маҷмўъ вохўрӣ дар фазои дўстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Рашт