Вохӯрии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо донишҷӯёни ДМТ
30 апрел 2021
Санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” вохӯрии Раиси Раёсати Бонк мӯҳтарам Икромӣ С.С. бо донишҷӯёни факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҳайати устодон ва донишҷуёни ДМТ иштирок намуданд. Дар оғоз меҳмонон аз Департаменти хазинадорӣ ва Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ дидан намуда мутахассисони Бонк аз рафти хизматрасониҳои бонкӣ ба меҳмонон маълумоти гуногун пешниҳод намуданд.
Ҳайати устодону донишҷӯёни ДМТ аз Осорхонаи Бонк дидан намуда, оиди дастовардҳои Бонк дар тули фаъолияти чандин солаи худ шинос гардиданд.
Сипас дар толори барҳавои Бонк рунамоӣ оиди таърихи Бонк баргузор гардид.
Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. дар суханронии худ қайд намуд, ки Амонатбонк дар асоси кассаҳои қарзӣ - амонатгузорӣ ташкил ёфта, фаъолияти худро аз соли 1885 оѓоз намудааст. Фаъолияти Амонатбонк тўли ин солҳо дар соҳаи бонкдории ҷумҳурӣ якчанд давраҳоро дар бар гирифта, соли 1992 дар заминаи Бонки ҷумҳуриявии амонатгузории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1998 Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт.
Қайд гардид, ки давоми 135 сол Амонатбонк ба яке аз бонкҳои калонтарини Тоҷикистон табдил ёфта ба ҳолати имрӯза филиал ва марказхои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи он ҷойгир буда, ба аҳолии кишвар хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниход намуда истодаанд. Шабакаи васеи Бонк аз дастгоҳи марказӣ, 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки дар онхо зиёда аз 2900 нафар кормандон фаъолият доранд иборат мебошад.
Ҳамзамон оид ба хизматрасониҳои Амонатбонк дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасониҳои муосири Бонкдории мобилӣ маълумотҳо пешниҳод гардид.
Атрофи фаъолияти занон ва ҷавонон дар Амонатбонк ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ Раиси шӯрои занони БДА ҶТ “Амонатбонк” Раҳимзода Шаҳло баромад намуда қайд карданд, ки ҷалб ва тарбияи ҷавонон меҳвари асосии фаъолияти Амонатбонк қарор дода шуда, Бонк ҷавонони соҳибкасбу болаёқатро дар самти фаъолият мунтазам дастгирӣ менамояд. Ҳамин аст, ки зиёда аз 50%-и кормандонро ҷавонон ташкил дода онҳо бо фаъолияти созандаи хеш дар рушду нумуи соҳаи бонкдории мамлакат нақши босазо мегузоранд.
Дар партави дастуру супоришхои Асосгузори сулху Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалб намудани шумораи бештари занону бонувон барои фаъолият дар Амонатбонк, дар рафти баргузории озмуни қабул ба кор ба занону бонувон афзалият дода мешавад.
Ба ҳолати имрӯза шумораи умумии занон дар Амонатбонк 1252 нафар ва ё 43%-и шумораи умуми кормандони соҳибтахассусро ташкил намуда, Бонк тасмим дорад, ки шумораи занонро дар соҳа боз ҳам зиёд намояд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби донишҷуёни фаъоли ДМТ суолҳо оиди фаъолияти бонкдорӣ пешниҳод карда шуда ба онҳо посухҳои мушахас гардонда шуд.