Дар бораи чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
Бо мақсади амали намудани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо Фармони Раиси Раёсат Хадамоти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуд, ки доир ба роҳ мондани фаъолияти бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм сохтори масъул мебошад.
Вазифаҳои асосии Хадамот ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оиди амалиётҳои ҳатман назоратшаванда ва шубҳанок ба мақоми ваколатдор (Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон) ва омодаю пешниҳод намудани ҷавобҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор ва дахлдор мебошад.
Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз руи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои одди ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқати надоранд, гузаронида мешаванд.
Бо мақсади иҷроиши корҳои дар боло дарҷгардида ва амали намудани талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин ҷода Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар БДА ҶТ “Амонатбонк” аз 1 майи соли 2014 таҳти №19 таҳия ва қабул гардид.
Кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бонк тибқи талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии зерин ба роҳ монда шудааст:
Директивҳои асосии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бонк инҳо мебошанд:
БДА ҶТ «Амонатбонк»
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734013, ш. Душанбе, к. Лоҳутӣ 24
E-mail: fin_monitoring@amonatbonk.tj
+992 223 07 35

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” №684 аз 25.03.2011с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» №722 аз 28.06.2011с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» №524 аз 19.05.2009с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» №964 аз 13.06.2013с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» №845 аз 16.11.1999с.;
- Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон;
- Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастурамали №200 «Дар бораи муайян ва муайян санҷидани шахсияти муштари ва молик – бенефициар» №305 аз 20.12.2013с.;
- Дастурамали №204 “Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқоли аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб» аз 26.12.2013с;
- Дастурамали 181 «Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ»;
- Тартиби гузаронидаани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба руйхати шахсони алокаманд ба терроризм дохил карда шудаанд;
- Қоидаҳои анҷом додани ахду амалиёти шубҳанок бо минтақаҳои оффшорӣ;
- Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок.
Директивҳои асосии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бонк инҳо мебошанд:
- муайянкунӣ ва тафтиши мушаххасоти шахсияти мизоҷ ва молик – бенефитсиар;
- гузаронидани мушаххасоти мизоҷ аз руи усули «Муштарии худро шинос»;
- мониторинг ва таҳлили амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
- ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумотҳо оиди муштари ва амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
- ташкили пойгоҳи маълумоти оиди шахсоне, ки ба терроризм алоқаманди доранд;
- муайянкунии дараҷаи хавфи софкории пул ва мабалғгузории терроризм;
- воқифкунии роҳбарияти бонк;
- ташкили тартиби кирои кормандон;
- ташкили талаботҳои соҳавӣ барои омода ва омузиши кормандон ва гузаронидани семинару омузишҳо ба кормандон;
- коркарди тартиби аудити дохили барои тафтиши чораҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.
БДА ҶТ «Амонатбонк»
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734013, ш. Душанбе, к. Лоҳутӣ 24
E-mail: fin_monitoring@amonatbonk.tj
+992 223 07 35