Амалиётҳои ҳуҷҷатӣ

Истифодаи амалиётҳои ҳуҷҷатӣ ва якҷоя намудани онҳо, ки ҳангоми гузаронидани пардохтҳои минтақавӣ ва иҷрои шартномаҳои хориҷӣ  ба шарикони ҳамкор имконият фароҳам медиҳад, ки амалиётҳоро боз ҳам осон, боваринок ва қуллай амалӣ намоянд.

Аккредитив – ин ӯҳдадории шартии молиявии бонк, ки аз тарафи бонк бо супориши мизоҷ ба манфиати шарики шартномавии ӯ медиҳад ва мувофиқи он бонки аккредитив кушода (бонки эмитент) метавонад дар ҳолати пешниҳод намудани хуҷҷатҳои дар аккредитив ба назар гирифташуда ва иҷро шудани дигар шартҳои аккредитив ба молсупоранда пардохт гузаронад ё ин ки ба дигар бонк (бонки иҷрокунанда) ҳуқуқи гузаронидани пардохтро пешниҳод намояд.

Дар аккредитив шартҳои дастрас кардани мол, суғурта кардани он нишон дода мешавад, ки ҳамин тариқ хавфҳои дастрас намудани бор, дастрас намудани моли бесифат ва инчунин хавфи суғуртавӣ аз байн гирифта мешавад.

Инчунин тасдиқ кардани аккредитиви ҳуҷҷатӣ аз ҷониби ягон бонки хориҷии аввалиндараҷа имконпазир аст. Дар ин ҳолат ин бонк ва “Амонатбонк” уҳддориҳоро низ бад души худ мегиранд, ки иловатан хавфҳои фурӯшандаро низ кам мегардонад.






Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк