Дар бораи корт
Visa Classic (чип) — Кортҳои пардохтии маъмул барои сафар ба хориҷа пешбинӣ шудааст. Дар ҳама нуқтаҳо хизмат расонида мешавад, ки логотипи низоми пардохтии Visa аст.
Имтиёзҳои корт
Дастрасӣ
Бо суратҳисоб бо сомонӣ бароварда шудааст
Имкониятҳо
Арзиши корт 80 сомониро ташкил медиҳад.
Пардохти молу хизматрасонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар кишварҳо
Муҳлати эътибори корт - 3 сол
Имконияти пайваст намудани хизматрасонии SMS - паёмак
Асъори пешбурди ҳисоб (USD/TJS)
Саволҳо ва ҷавобҳо
Агар корт аз терминалҳои худкор пур карда шавад дар давоми 4-5 сония ба ҳисоби корт ворид мегардад.
Дастрасии корт барои мизоҷони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ аз 2 то 5 рузи кориро дар бар мегирад.
Муҳлати хизматрасонӣ ба кортҳои пардохтии бонкӣ аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст. Хизматрасонӣ ва арзиши корт аз намуди он вобаста буда (нафақавӣ, маошӣ, шахсони воқеӣ), тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи Бонк анҷом дода мешавад. (сылка ба тарофаҳои бонк).
Барои пур намудани ҳисоби корт ба филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо пешниҳод намудани реквизит муроҷиат намоед ва ҳамчунин тавассути терминалҳои худкори бонкҳои дигар низ, метавонед музднок ин корро анҷом диҳед.
Нусхаи шиноснома, 1 дона расми 3*4 ва пур намудани шакли дархост
Бояд ба СМС паёмак пайваст шуд ва дороиҳои худро идора кард.
Мустақилона мизоҷ метавонад тавассути сомонаи pay.npm.tj пайваст шавад, дар филиалҳои Бонк бошад амалгарон барои анҷоми чунин кор дастгирӣ менамоянд.
Дар мавриди гум кардани корт ё дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дорандаи корт дарҳол бояд ба бонки хизматрасон (эминтент) муроҷиат намуда, фаъолияти корти худро манъ намояд. Барои барқарор намудани ҳолати кории корт ба бонк муроҷиат намояд. (Телефонҳо барои тамос 6009022,6009071,1885)
Дар ҷои матни СМС рақами 1885 ва чор рақами охири кортатонро нависед. Навиштаҷоти худро ба рақами 5151 ирсол намоед. Сипас ПИН рамз ба Шумо тариқи СМС дастрас мегардад.
Бале, барои гирифтани кортҳои гуногун ба шумо аризаи мувофиқ навиштан лозим аст.
Ҳаққи хизматрасонии кортҳои нафақавӣ ва кортҳои маошӣ дар шабакаи Амонатбонк ройгон ва дар шабакаи дигар ташкилотҳои қарзӣ тибқи тарофаҳои тасдиқшуда муайян шудааст.
Кортҳои миллӣ танҳо дар дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад, кортҳои байналмиллалии Visa дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.
Бале, мумкин аст, Шумо бояд ба шахси интиқолдиҳандаи маблағ, рақами корт - реквизитҳои пурраи кортро пешниҳод намоед. Инчунин тавассути Амонатмобайл ва ҳамёни электронӣ метавонед бемамоният дар кутоҳтарин муддат маблағи интиқолро дастрас намоед.
Бале мумкин аст. Шуморо зарур аст аз барномаи Амонатмобайл истифода бурда маблағи дилхоҳи худро интиқол диҳед. Зеркашӣ кунед: http://onelink.to/usgxst .
Дар навбати аввал бояд ба телефонҳои дар монитори банкомат буда 446009022, 446009071 446009091, 446009066 ва рақами кутоҳи Амонатбонк 1885 занг зада ҳолати корти худро муҳосира (блокировка) намоед. - Агар корти Шуморо банкомат фуру барад ё маблағи дархостшударо банкомат надиҳад, барои баргардонидани маблағ ё корт бо пешниҳоди шиноснома ва ариза ба бонки хизматрасон (эмитент) оид ба ҳолати рухдода муроҷиат намоед. - Шумо аз терминалҳои дигар ташкилотҳои қарзӣ истифода намудед ва бо сабабҳои техникӣ банкомат корти Шуморо фуру барад, пас бояд ба ҳамон бонк муроҷиат намоед. Агар бонки хизматрасон баргардонидани корти шуморо рад созад, шуморо лозим аст ба Маркази тамоси Амонатбонк ба рақами кутоҳи (1885) занг занед.