Ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

26 ноябр 2021

Таҳти Раёсати сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Аскар Узакпаевич Мамин бо иштироки сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай масоили дурнамо ва тадбирҳои амиқсозии ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, иҷрои Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷорати давлатҳои аъзои СҲШ ва фаъолияти Шўрои тиҷоратӣ ҳамчунин, фаъолияти Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои солҳои 2020-2021-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом ҳамчун раиси Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021, бо даъвати сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам А. У. Мамин дар кори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирони)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк», ҳамчун Бонки давлатӣ аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) буда, дар соли 2021 дар баробари раисии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, раисиро дар ИББ СҲШ бар уҳда дошт.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк