Конфронс зери унвони “Таъмини фарогирии молиявӣ-ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон”
Дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд, конфронс таҳти унвони “Таъмини фарогирии молиявӣ-ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд.
Пеш аз оғози кори конфронс намоиши маҳсулотҳои бонкӣ баргузор гардид, ки дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, БДА ҶТ “Амонатбонк” низ хизматрасониҳои соҳавии хешро муаррифӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс таҳти унвони “Таъмини фарогирии молиявӣ-ҳамчун омили рушди устувор дар Тоҷикистон”, муайян намудан ва омӯхтани роҳҳои босамари татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар якҷоягӣ бо афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ, баланд бардоштани бохабарӣ аз соҳаи қувваҳои пешбарандаи экосистемаҳо, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва рушди каналҳои интиқол ва гузариш ба иқтисодиёти ғайринақдӣ, ки рушдро аз ҳисоби дастрасии молиявӣ таъмин менамоянд ва муайян намудани камбудиҳо дар маблағгузорӣ барои беҳтар намудани муносибатҳои шарикӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои васеъкунии дастрасии молиявӣ унвон гардид.













