Низоми Миллии Кортҳои Пардохтӣ (НМКП) низоми пардохти “МИР”

04 декабр 2021

Санаи 30 ноябри соли 2021, дар доираи сафари корӣ дар Федератссияи Россия Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мухтарам Икромӣ С.С бо Директори генералӣ - Раиси Раёсати Ҷамъияти Саҳомии Низоми Миллии Кортҳои Пардохтӣ (НМКП) низоми пардохти “МИР” муҳтарам Комлев В.В., мулоқот намуданд. Дар рафти мулоқоти дуҷониба масоили васеъ намудани доираи фаъолияти кортҳои бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк» дар хориҷ аз кишвар баррасӣ гардид. Роҳбарияти Низоми Миллии Кортҳои Пардохтӣ (НМКП) низоми пардохти “МИР” қайд намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» яке аз шарикони бузург ва боэътимод дар минтақа аз нигоҳи рушд додани ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ба шумор меравад.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк