Вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо роҳбарияти ҶДММ “Компас Плюс”
Санаи 27 ноябри соли 2021, мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк бо роҳбарияти ширкати таъминкунандаи барнома ва технологияҳои муосири рақамии бонкӣ ҶДММ “Компас Плюс” хонум Демина О.Р., барои боз ҳам мукаммал намудани барномаҳои ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти Бонк дар самти бозоргирӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин, роҳбарияти ҶДММ “Компас Плюс” дар рафти мулоқот қайд намуданд, ки омодаанд барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк» курсҳои кутоҳи омўзишӣ доир намоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз БДА ҶТ «Амонатбонк» яке аз бонкҳои калонтарин ва низомсози ҷумҳурӣ буда, нақша дорад, дар наздиктарин муҳлат тамоми хизматрасониҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар рақамӣ кунонида, дастрасии мизоҷонро ба хизматрасониҳои бонки боз ҳам васеъ гардонад.













