Ҳамоиш оид ба “Истифодаи имкониятҳои технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ”

02 феврал 2022

Санаи 2-юми феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар мавзӯи “Истифодаи имкониятҳои технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ” ҳамоиш баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҳамоиш аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ маҳсулотҳои хизматрасониҳои электронӣ намоиш дода шуд.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар баробари дигар хизматрасониҳои худ вобаста ба  хизматрасониҳои электронӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл ” ба иштирокдорон маълумот пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” анҷом додани 100 намуди хизматрасониҳо  аз қабили пардохти хизматрасониҳои давлатӣ, коммуналӣ, пардохти хизматрасонии интернетӣ, пардохтҳои дохили бонкӣ, пардохти операторони алоқаи мобилӣ, байналмиллалӣ ва ғайра имконпазир мебошад.
Аз ҷониби тамошобинони намоиши маҳсулотҳои бонкӣ вобаста ба хизматрасониҳои Амонатбонк мароқ зоҳир гардида, масъулини Бонк ба суолҳои пешниҳодшуда посух гардонданд. 

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк