Амонатбонк дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” ғолиби ҷойи якум дониста шуд.

09 декабр 2025

Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуда, миёни корхонаву идораҳои давлатӣ ҳамчун яке аз “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ” ғолиби ҷойи якум дониста шуд.

Бо мақсади рушди усутувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Амонатбонк дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом сарфароз гардонида шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк