Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи бонкӣ: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб»

05 декабр 2025

Санаи 04-уми декабри соли ҷорӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Н.С., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва кормандони филиалҳои Бонк семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи бонкӣ: мушкилот ва чораҳои пешгирии ин падидаи номатлуб» доир гардид.

Нахуст сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Н.С. ба сухан баромада, иброз доштанд, ки коррупсия яке аз падидаҳои манфии ҷаҳони муосир ва мушкилоти сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳаёти ҷомеа падидаи нав набуда, он таърихи тӯлонӣ дорад ва сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва дараҷаи тараққиёт давлатҳоро фаро гирифтааст.

Бо назардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодиёти кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеаро пурзӯр карда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона бо назардошти ҷиддияти масъала, ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсияро дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи хеш қарор доданд.

Дар идома қайд гардид, ки кормандони низоми бонкии кишвар дар баробари вазифаҳои муҳими бар дўш доштаашон, ҳамзамон дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ саҳми бевосита ва назаррас гузошта, дар ин пайкор нақши ҳар як корманди соҳа бо роҳи муқовимат ба коррупсия зимни амалигардонии уҳдадориҳои хизматӣ муҳим мебошад.

Чунки корманди бонк бояд дар фаъолияти кории худ шаффоф ва беѓараз бошанд, амнияти иқтисодӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро дар ин самт таъмин намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои бо роҳи ѓайриқонунӣ додани қарз ва воситаҳои дигари молиявӣ чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Дар охир ҷиҳати таъмини иҷрои талаботҳои нақша-чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз ҷониби иштирокчиён суолҳо пешниҳод гардида, масъулини раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт посух, тавсия ва дастурҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк