Амонатбонк яке аз беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда ба бонувони соҳибкор дониста шуд.
Санаи 12-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон маросими ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» баргузор гардид.
Озмуни мазкур соли сеюм аст дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” гузаронида шуда, дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2024 аз рӯйи чор номина “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷамъбаст гардид.
Боиси хушнудист, ки аз рӯйи номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” “Амонатбонк” ғолиби ҷойи дуюм гардид.
Бояд гуфт, ки дастгирии бонувони соҳибкор мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад ва дар ин ҷода “Амонатбонк” мунтазам чораҳои дахлдорро роҳандозӣ хоҳад кард.
Баргузории ҷаласа оид ба муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд
Аксияи “Тоҷикона мепӯшем”













