Баргузории ҷаласа оид ба муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд
Санаи 14-уми майи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Бонк муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, таҳти №11-919 дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд таҳти роҳбарии муовини раиси раёсати Бонк – Ризвонзода Ф.З. ва бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Рабизода Д. ва нозири ҳамин раёсат Зокирзода В. баргузор гардид. Дар муҳокима тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои Бонк иштирок намуданд.
Аз ҷониби нозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ - Зокирзода В. пешниҳоди Агентӣ ба саҳми иштирокчиён расонида шуда, қайд гардид, ки тибқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» як қатор мамониатҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ муайян шудаанд, ки ҳангоми мавҷуд будани он шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад.
Натиҷаи санҷишҳои ҳолати иҷрои талаботи Қонуни мазкур нишон дод, ки дар як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ талаботи Қонуни зикргардида риоя нашуда, даст ба қонуншиканӣ роҳ дода мешавад.
Сипас сухан ба муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Рабизода Д. дода шуда, қайд гардид, ки ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, таъин ва интихоби шахс ба вазифа бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки таҳия, таъмин ва иҷрои чорабиниҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегия давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030 дуруст ва босифат ба роҳ монда шавад. Таъкид гардид, ки бо мақсади ҷамъбасти марҳилаи якуми нақшаи чорабиниҳои Стратегия барои солҳои 2021 – 2025 санҷиши ҳолати иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар назар дошта шудааст.
Дар фарҷоми муҳокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси раёсати Бонк баромад намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи Методологияи мазкурро пурра, ҳаматарафа, сифатнок ба роҳ монда, аз ҳар гуна амалҳои қонуншиканӣ даст кашида, ба хотири таъмин намудани амнияти ҷомеа, ҳифзи суботу оромӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастур доданд, ки масъалаҳои гузошташударо ҳамаруза сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.













