Қатъи фаъолияти низоми байналхалқии интиқоли пули “Вестерн Юнион” дар кишварҳои Россия ва Белорусия

11 март 2022

Эълон!

Ба диққати ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз хизматрасонии интиқоли маблағҳо тавассути низоми байналхалқии интиқоли пули “Вестерн Юнион” истифода мебаранд, расонида мешавад, ки низоми интиқолии мазкур фаъолияти худро дар кишварҳои Россия ва Белорусия аз санаи 24.03.2022 қатъ менамояд.

Муштариёни муҳтарам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки маблағҳои интиқолии тавассути ин низом воридшударо то санаи 24.03.2022 аз филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Амонатбонк қабул намоед.

Амалиётҳои интиқолӣ тавассути ин низоми интиқоли пул дар дигар кишварҳо ба ғайр аз Россия ва Белорусия чун муқаррарӣ фаъолият менамоянд.  



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк