Боздиди кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони «Тоҷикистон – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ» дар Осорхонаи миллӣ

14 марти 2022
Санаи 13-уми март кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамроҳи фарзандони хеш ба  Осорхонаи миллӣ ташриф оварда аз намоиши нодири мероси ниёгон таҳти унвони  «Тоҷикистон– кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намуданд.

Боиси қайд аст, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк