Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва “Амонатбонк” «Рӯзи дарҳои кушод»-ро барои соҳибкорон ва муштариён баргузор намуданд.

21 феврал 2025
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва “Амонатбонк”  «Рӯзи дарҳои кушод»-ро барои соҳибкорон ва муштариён баргузор намуданд.

Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва “Амонатбонк”  «Рӯзи дарҳои кушод»-ро барои соҳибкорон ва муштариёни хеш баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Раёсати «Амонатбонк» Ризвонзода Ф.З., Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Ю.Х., як қатор соҳибкорон ва кормандони “Амонатбонк” иштирок намуданд.

Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Ю.Х. вобаста ба анҷоми муввафақонаи барномаҳои «Банақшагирии гузариши иқлим» ва «RSBP - боло бурдани потенсиали кадрӣ» ибрози ақида намуданд.

Дар доираи чорабинӣ КВД БА ҶТ «Амонатбонк» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои анҷом додани муваффақонаи барномаи омӯзишии «Банақшагирии гузариши иқлим» бо ҷоиза сазовор гардонида шуд. Ҳамчунин, як қатор кормандони Бонк барои хатми муваффақонаи курси омӯзишӣ дар доираи барномаи БАТР «RSBP - Боло бурдани потенсиали кадрӣ» бо ҷоиза қадрдонӣ шуданд.

Дар доираи «Рӯзи дарҳои кушод»-и БАТР мутахассисони бахши қарзии «Амонатбонк» аз вилоятҳои Суғду Хатлон, НТМ ва шаҳри Душанбе ба омӯзиш дар мавзӯи «Таҳлили лоиҳаҳои сармоягузории тиҷорати хурду миёна» барои баланд бардоштани малакаи касбии хеш ва муштариёни Амонатбонк дар мавзӯи «Тавсеаи тиҷорат бо рушду тавонмандиҳои содиротӣ» фаро гирифта шуданд.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк