Семинари омӯзишӣ доир ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
Санаи 26-уми феврали соли ҷорӣ дар Раёсати “Амонатбонк” бо иштироки масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони “Амонатбонк” семинари омӯзишӣ доир ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гардид.
Масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян гардид, ки он дар самти ҳифзи анъанаҳою одатҳои мардумӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Қонуни мазкур ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои динниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин пеши роҳи хурофоту таасуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қайд гардид, ки қонуни мазкур бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
Дар раванди семинар аз ҷониби баромадкунандагон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.













