Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
Санаи 05-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи "Hayat Regency"-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” ва “25 соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар соҳаи бонкдорӣ, аз ҷумла дар баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии занон дар ҷомеаи муосир, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳми занон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, раванди тақвиятбахшии иштироки занон дар ҳама самтҳои иқтисоди кишвар аз ҷумла дар бахши молиявию бонкдории кишвар иборат буда, аз рӯи номинатсияҳои “Корманди қарзии беҳтарин”, “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз, ва кортҳои бонкӣ”, “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ”ва “Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ” гузаронида шуд.
Дар озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” аз руи номинатсияи "Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ" сардори шуъбаи рушди ҳамкориҳо ва ҷамъбасти ҳисоботҳои департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ Ҳамзаева Нодира ва аз рӯи номинатсияи “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда” мудири филиали №42- митақаи Бохтари вилояти Хатлон Юсуфзода Гулҷаҳон ғолиб дониста шуда, бо дипломи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони кишвар ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби хеш мусоидат намуда, дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат нақши муассир мегузорад.













