Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати расмии Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Санаи 2 июни соли 2026, дар бинои марказии «Амонатбонк» мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гу Шу баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ҳайати расмии Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба Амонатбонк хушомадед гуфта, аз дастовардҳои молиявӣ дар соли 2025 ва ҳадафҳои минбаъдаи Бонк, рӯнамоӣ манзур намуданд.
Дар рафти мулоқот, раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати оғоз кардани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод намуданд, ки Амонатбонк омодааст дар қадами аввал бо Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои ҷалби сармояи мустақим, иштирок дар амалиётҳои асъорӣ, табодули таҷрибаи мутахассисон, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва маблағгузории савдо, ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Дар партави гуфтаҳои роҳбарияти Амонатбонк, раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ илова намуданд, ки Бонки кишоварзӣ омодааст бо Амонатбонк дар самтҳои иштирок дар бозори қоғазҳои қиматнок, ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, аккредитиви ҳуҷҷатӣ ва пешниҳоди кафолати бонкӣ, ҳамкориҳоро оғоз намояд.
Раиси Шӯрои директорони Бонки кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гу Шу ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2025 ва нақшаҳои минбаъдаи «Амонатбонк» барои солҳои минбаъда баҳои баланд дода, иброз намуданд, ки омодаанд дар дилхоҳ самтҳое, ки ба рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин манфиатовар аст, бо Амонатбонк ҳамкориҳои судмандро густариш диҳанд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки бо назардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн, ҳамкориҳои молиявии дуҷонибаро оғоз хоҳанд кард.













