Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Пайванди наслҳо”

22 май 2026
Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Пайванди наслҳо” доир гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати роҳбарият, кормандон ва собиқадорони соҳа, ки тӯли солҳои зиёд дар Амонатбонк фаъолияти шоиста доштанд, ҳузур намуданд.

Нахуст раиси раёсати Амонатбонк Салимзода А.А. ба сухан баромада, ҳозирин ва дар симои онҳо кули ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Иброз гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ояндаи давлату миллат маҳсуб ёфта, бо нерӯи тоза, ташаббус ва навоварӣ метавонанд ҷомеаро ба сатҳи нави рушд бароранд. Пешрафти соҳаҳо, рушди иқтисодиёт ва устувории ҷомеа аз донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Ҳукумати кишвар ба ҷавонон, ҳамчун ояндасозони Ватани маҳбуби мо таваҷҷуҳи хосса дошта, ташаббусу пешниҳодҳои созандаи қишри фаъоли ҷомеаро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалишавии онҳо шароиту имкониятҳои арзанда фароҳам овардааст.

Дар ин радиф роҳбари шӯрои ҷавонони Бонк Фаррухзода С. низ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки ҷавонон ояндасози имрӯзу фардо ва такягоҳи ватан ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун қувваи бузурги созанда ва идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ мавқеи махсус доранд. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо як санаи идона, балки рамзи эътимод ба нерӯи ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Дар қисмати баъдии чорабинӣ собиқадорони соҳа вобаста ба таҷрибаи фаъолияти кории хеш дар Амонатбонк қиссаҳои ҷолиб намуда, иброз доштанд, ки ҷавононро мебояд ба қадри ободиву осоиштагии ватани биҳиштосоямон расида бошанд, ва дар касби интихобнамудаи хеш содиқона фаъолият намуда, баҳри рушду пешрафти низомии бонкии кишвар саҳмгузор бошанд.

Чорабинии мазкур дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, дар охир миёни ҷавонони Бонк ва собиқадорони соҳа суолу ҷавоб ва суҳбати гарму самимӣ доир гардид.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк