Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор
Санаи 5 майи соли 2026, дар бинои марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо роҳбари ҳайати кории Хазинаи Байналмилаии Асъор Мэтю Гертнер баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба, дурнамои Бонк, натиҷаҳои молиявӣ дар соли 2025, пардохтпазирӣ, иштирок дар музоядаҳои қоғазҳои қиматноки давлатӣ, рушди бозори асъор, афзоиши пешниҳоди қарз ба мизоҷон ва меъёрҳои макропруденсиалӣ, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» оид ба вазъи молиявии Бонк маълумоти мухтасар дода, қайд намуданд, ки «Амонатбонк» яке аз бонкҳои низомсози кишвар буда, дар баробари фаъолияти тиҷоратиаш, ҳамчун институти молиявии давлатии кишвар, пиёдакунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Роҳбари ҳайати кории Хазинаи Байналмилаии Асъор Мэтю Гертнер ба фаъолияти молиявии Амонатбонк дар соли 2025 ва нақшаҳои минбаъдаи Амонатбонк барои соли 2026, баҳои баланд дода, иброз намуданд, ки омодаанд дар дилхоҳ самти фаъолият, ки ба рушди иқтисоди миллӣ равона гардидааст, бо Амонатбонк ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки бо назардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн, ҳамкориҳои молиявии дуҷонибаро рушд хоҳанд дод.













