Иштироки Амонатбонк дар фестивали “Саводнокии молиявӣ”
Ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасониҳо, инчунин татбиқи босамари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ" бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар Боғи Куруши Кабир-и шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ, занони соҳибкор, хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии мамлакат, инчунин шарикони рушд, иштирок доштанд.
Дар қисмати аввали чорабинӣ ҳайати роҳбарият, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мавзуъҳои муҳими низоми молиявӣ баромад намуданд.
Муовини раиси раёсати Амонатбонк Сафарзода Р.С. бо маърузаи пурмуҳтаво дар мавзӯи “Дастрасӣ ба қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо” баромад намуда, ба ҳозирин оид ба шабакаҳои хизматрасонии Бонк, маҳсулотҳои қарзӣ, маҳсулотҳои имтиёзӣ, ҳаҷми қарзҳои додашуда, қарз ба соҳаи иқтисоди сабз ва ғайра маълумот доданд.
Боиси зикри хос аст, ки дар доираи форуми мазкур маросими тантанавии ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” доир гардида, КВД БА ҶТ “Амонатбонк” барои саҳмгузорӣ дар рушди низоми бонкӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни болозикр бо Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар қисмати баъдии фестивал намоиши маҳсулотҳои бонкӣ доир гардида, дар баробари дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ Амонатбонк низ маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Ба иштирокдорон оид ба маҳсулотҳои бонкӣ алалхусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл” инчунин кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот дода шуда, ҳамзамон мизоҷони Бонк ва истифодабарандагони барномаи мобилии Амонатмобайл аз мушаххасгардонӣ гузаронида шуданд.
Барои меҳмонону мизоҷони Бонк викторинаҳои гуногун гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои брендии Бонк сарфароз гардиданд.













