Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
Санаи 24-уми апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи "Hayat Regency"-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дарсоҳаи бонкдории Тоҷикистон” , ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни “20 бонуи муваффақ дарсоҳаи бонкдории Тоҷикистон” ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар соҳаи бонкдорӣ, азҷумла дар баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоиизанон дар ҷомеаи муосир, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба саҳмизанон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, равандитақвиятбахшии иштироки занон дар ҳама самтҳои иқтисодикишвар аз ҷумла дар бахши молиявию бонкдории кишвар иборат буда, аз рӯи номинатсияҳои “Корманди қарзиибеҳтарин”, “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз, ва кортҳои бонкӣ”, “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ”ва “Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ” гузаронида шуд.
Дар баробари озмунҳо ҳамасола Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон занону бонувони роҳбарикунандаи фаъолро, ки дар соҳаи иқтисоду молия вабонкдории кишвар фаъолияти шоиста доранд қадрдонӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ муовини Раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк”Сафарзода Рукмина барои фаъолияти шоиста ва арзандаи соҳавӣ ҳамчун “Бонуи муваффақи соҳаи бонкдорииТоҷикистон” интихоб шуда, бо ҷоиза сарфароз гардонидашуданд.
Дар озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдорииТоҷикистон” аз руи номинатсияи “Корманди қарзии беҳтарин” бошад муовини директори департаменти қарздиҳии “Амонатбонк” Исмоилова Шаҳноз ғолиб дониста шуда, бо дипломи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушдупешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолонадар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони кишвар ва баланд бардоштанизавқи онҳо нисбат ба касби хеш мусоидат намуда, даррушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат нақши муассирмегузорад.













