«Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Дарвози ВМКБ

28 апрел 2025

Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ», ки барои кўдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани масъулиятнокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки ҳамасола бо ибтикори ширкати байналмилалии Global Money Week гузаронида мешавад бо иштироки зиёда аз 200 нафар муҳассилини мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, ҷавонон ва муштариёни Бонк дар филиали №68-и ноҳияи Дарвози ВМКБ чорабиниҳои хотирмон ва судманд доир гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзуҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, алалхусус «Хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат - мобайл», «Хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ», нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба мавзуҳои соҳавӣ суолҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посух гардонда шуд. Ҳамзамон ба кулли иштирокчиёни чорабиниҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд.

Ба маврид аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оид ба  хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк