Чорабинии маърифатӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

14 март 2025
Санаи 14-уми марти соли 2025 бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» чорабинии маърифатӣ  бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳи мазкур доир карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ мутахассисони Бонк доир ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон №241 «Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ» ва №242 «Дар бораи талабот ба нашри маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон дар самти хизматрасониҳои бонкӣ (ҳуқуқ ба маълумот, ҳуқуқ ба сирри бонкӣ, ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба интихоб), тартиби муроҷиат ба Бонк ҳангоми пайдо шудани баҳсу мунозираҳо, аз ҷониби мизоҷон фарқ намудани маҳсулотҳои бонкии манфиатнок аз беманфиат, аснои бастани шартномаҳои амонатию пасандозӣ ва қарзӣ ба меъёрҳои фоизӣ ва ҳаққи хизматрасониҳо, аз ҷумла, ба ҷарима ва дигар маҳдудиятҳои шартнома диққати махсус додан, чӣ гуна ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худ, бартариятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун ҷанбаи муҳим ва асосии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳангоми расонидани хизматрасониҳои молиявӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Иброз гардид, ки истеъмолкунандагон барои интихоб намудани ташкилоти қарзии молиявӣ мустақил буда, метавонад ба нуфузу эътибори Бонк аҳамият зоҳир намуда, бо устуворӣ, пардохтпазирӣ ва эътимоднокии Бонк боварӣ ҳосил намоянд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён варақаҳои таблиғотӣ оид ба хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои бонкӣ пешниҳод гардида, иброз шуд, ки онҳо метавонанд ҳамчун волонтёр дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, тавассути бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ саҳмгузор бошанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк