Таҷлили бошукӯҳ аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар “Амонатбонк”

20 март 2025

Санаи 20-уми марти соли ҷорӣ дар саҳни бинои Раёсати “Амонатбонк” аз ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи хуҷастапай таҷлил карда шуд. Дар чорабинии идона тибқи анъананҳои неки наврӯзӣ бобои деҳқон ва маликаи баҳор ба саҳна баромада, мужда аз омад омади ҷашни накӯи Наврӯзиро эҳдо сохтанд.

Аз ҷониби бонувони ҳунарманди Бонк яке аз хурокҳои асосии наврӯзӣ, суманак омода карда шуда, ба шаҳрвандон, мизоҷон ва меҳмонони хориҷӣ ҳамчун армуғони наврӯзӣ пешниҳод гардид.

Чорабинии наврӯзӣ бо шодию нишоти кормандон, шаҳрвандон ва мизоҷони Бонк ва рақсу сурудҳои дилнишин дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк