Дар “Амонатбонк” Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд

03 октябр 2025

Ба муносибати санаи таърихӣ ва гиромидошти забони давлатӣ дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Раёсати Бонк Ризвонзода Ф.З., раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯй», шоираи маъруф Меҳриннисо Бобобекова ва аҳли кормандони “Амонатбонк” иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ – “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро ҳифз менамояд.

Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.

Сипас, шоираи ширинкалом Меҳриннисо Бобобекова суханронӣ намуда, таъкид кард, ки забони тоҷикӣ ба шарофати талошу заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат аз Исмоили Сомонӣ ва устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров то имрӯз бо асолату нобият ва ганҷинаи пурғановат ба мо расидааст.

Зикр шуд, ки маҳз ҳамин забон дар тӯли ҳазорсолаҳо воситаи ҳифз ва муаррифии таърих, фарҳанг ва дастовардҳои маънавии миллати тоҷик ба ҷаҳон будааст. Аз ин рӯ, дӯст доштан, ҳифз кардан ва пок нигоҳ доштани забони модарӣ ҳамчун гавҳари бебаҳои миллат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар анҷоми чорабинӣ шеърҳои ноби тоҷикӣ дар васфи забони модарӣ қироат гардида, фазои идона ба ҳозирин эҳсоси ифтихор бахшид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк