Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст”

01 октябр 2025

Санаи 30-юми сентябри соли равон дар бинои марказии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тақозои замон аст” бо иштироки васеи намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгорону олимони муассисаҳои олии таълимии кишвар, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ширкатҳои операторони мобилӣ, ширкатҳои инноватсионии IT- технологияҳо ва кормандони Амонатбонк баргузор карда шуд.

Нахуст муовини Раиси Раёсати “Амонатбонк” Ризвонзода Ф.З. ба сухан баромада, иброз доштанд, ки бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024с, соли 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯз мо дар давраи тағйироти босуръати рақамикунонии ҳама соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, ки барои мустаҳкамии иқтисод ва фароҳамсозии дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ зарур аст, қарор дорем. Амонатбонк ҳамчун институти молиявӣ дарк мекунад, ки дар ин марҳила таҳкими субот, бехатарии низомҳо ва муҳайёсозии замина барои навоварӣ ва дастгирии лоиҳаҳои рақамӣ афзалият дорад.

Гуфта шуд, ки бо қабул шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586, аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳаввулоти муҳиме дар рақамикунонии бизнесравандҳои соҳавии муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ба миён омад. Дар ин замина фаъолияти ҳамоҳанги ҳама ҷонибҳо — давлат, бахши хусусӣ ва институтҳои молиявӣ тавассути ҳамраъйӣ ва эҷодкорӣ дар тақвияти иқтисоди рақамӣ такони ҷиддие бахшид.

Дар идома намояндагони вазорату идораҳо, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои операторони мобилӣ ва ширкатҳои инноватсионии IT- технологияҳо дар мавзуҳои “Тамоюли рушд”, “Пардохтҳои ғайринақдӣ – яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ”, “Инноватсия дар заминаи Корти миллӣ:Tap to Phone қадами стратегӣ”, “Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дурнамои рушди он” ва ғайра баромад намуданд.

Баромадкунандагон зимни маърузаҳои хеш иброз доштанд, ки дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба дастгирии нерӯи илмӣ, таҳдиди соҳаи илм ва ба самти ҳалли муаммоҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона кардани он як қатор чораҳо андешида шудаанд. Дар мамлакат таҳкими нерӯи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар такмили иқтисодиёт ва гузариш ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самти афзалиятноки стратегӣ дониста шудааст.

Гуфта шуд, кӣ самтҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вобаста ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимои кишвар боз як қадами устувор дар роҳи амалисозии муташакилонаи раванди ҳукумати электронӣ дар идоракунии мақомоти давлатӣ ва иқтисодиёт арзёбӣ мешаванд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк