Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар Форуми иқтисодии Авруосиё 2025
Санаи 23-25 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Хитой гурӯҳи кории КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии директори департамети хазинадории Бонк, Сафаров Бадриддин Ҳайдарович дар кори Форуми иқтисодии Авруосиё 2025 ва ҷаласаи молиявии Бонки давлатии рушди Хитой иштирок намуд.
Форуми мазкур бо ташаббуси Бонки давлатии рушди Хитой ҷиҳати рушд додани ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақаи Авруосиё ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай равона гардида, дар доираи он ҷаласаи пленарӣ, конфронси молиявӣ доир ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”, баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ гурӯҳи кории Амонатбонк бо якчанд бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) аз ҷумла, Бонки давлатии рушди Хитой, Беларусбанк ва Бонки рушди Қазоқистон мулоқотҳои дуҷониба оид ба рушд додани ҳамкориҳои муштарак, баргузор намуданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша пайгирӣ намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас меандешад.













