ВУСЪАТ ЁФТАНИ ҲАМКОРИҲО БАЙНИ АГЕНТӢ ВА “АМОНАТБОНК”

16 сентябр 2025

Дар доираи таҳкими ҳамкории судманд миёни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амонатбонк» рӯзи 15-уми сентябри соли 2025 Шартнома «Дар бораи аз нав барасмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ» байни директори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва раиси КВД ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол имзо шуд.

Дар заминаи амалисозии сиёсати давлат оид ба рақамикунонӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии нафақагирон, имтиёзҳо ва имкониятҳои васеътар ҷиҳати истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешниҳод шуда истодааст, аз ҷумла:

  • Ройгон пайваст намудани кортҳои бонкӣ ба SMS-паёмак — огоҳиномаҳо дар мавриди амалиётҳо ва қабули маблағҳо барои таъмини шаффофият ва назорати шахсӣ.
  • Ройгон пайваст намудани барномаи «Амонатмобайл» — дастрасии зуд ва осон ба пардохтҳо, таърихи амалиётҳо ва хизматрасонии дурдаст.
  • Хизматрасонии ройгон дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдо (POS-терминалҳо) — истифодаи корт дар дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар нуқтаҳо бидуни пардохти комиссион.
  • Ройгон пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва давлатӣ тавассути «Амонатмобайл» ва POS-терминалҳо — андозҳо, пардохтҳои давлатӣ, маблағи тавақуфгоҳ, телефони мобилӣ, интернет ва ғайра (бо дастрасӣ ба зиёда аз 200 намуди хизматрасонӣ).
  • Дастрасӣ ба гирифтани маблағҳои нақдӣ аз шабакаҳои терминалии низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» (банкоматҳо ва POS-терминалҳо.
  • Пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва овердрафтӣ бо шартҳои махсус барои нафақагирон — дастрасии мӯътадил ба қарзҳо дар ҳолати эҳтиёҷ.
  • Воридоти маблағ ба корт аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ .
  • Пардохти хизматрасонӣ бо истифода аз QR-рамз — усули замонавӣ, зуд ва қуллай барои пардохтҳо.

Агентӣ ва Амонатбонк бо дарки масъулияти иҷтимоӣ дар назди нафақагирон, ба мувофиқа омаданд, ки номгӯи хизматрасониҳои ғайринақдӣ тавассути инфрасохтори фарогир ва роҳандозии хизматрасониҳои рақамӣ мунтазам васеъ карда шавад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк