Таҷлил аз ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ дар Амонатбонк Истиқлолияти давлатӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдории давлат аст.

06 сентябр 2025

Санаи 06-уми сентябри соли ҷорӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар дастгоҳи марказии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини аввали раиси Раёсати Бонк Худоёрзода Худоёр Бахтиёр, муовини раис Ризвонзода Фирдавс Зикр ва сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик устод Абдуллоҳи Раҳнамо ва кормандони Амонатбонк ширкат варзиданд.

Нахуст раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ҳозиринро бо ҷашни воқеъан таърихӣ ва арзишманд 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию осоиштагии абадиро ба Тоҷикистони азиз эҳдо сохта, ҳамчун милодномаи таърихи навини тоҷикон шинохта шудааст.       

Амонатбонк низ дар тули 34 соли даврони соҳибистиқлолӣ   ҷиҳати дастрасу қуллай гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди босифату саривақтии он кўшишӣ ҳамешагӣ намуда, бо фаъолияти назаррас эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардида, ҳамчун бонкӣ мардумӣ шинохта шудааст.

Имрўзҳо Амонатбонк бо 75 филиал, 547 марказҳои хизматрасонии бонкӣ   ва 3 ҳазор нафар кормандон ҳатто дар дурдастаран манотиқи ҷумҳурӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.   

Кормандони Бонк дар ин даврон барои пурзўр намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар ва ба даст овардани эътимоди аҳолӣ ба Бонк ҳамчун бонки давлатӣ, заҳмат кашида истодаанд.

Яқин аст, ки пешравиҳои Бонк маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст.

Ҳамаи дастовардҳои давраи Истиқлолият моро водор менамояд, ки барои Ватанамон беғаразона хизмат намоем, чунки пешрафти кор танҳо дар сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ   ва   дастаҷамъӣ мебошад.     

Ҳамзамон дар рафти суханронии худ сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик устод Абдуллоҳи Раҳнамо зикр намуданд, ки Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Бонк ба хотири саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти Бонк, мустаҳкам намудани мавқеи он дар низоми бонкӣ  ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Итифхорнома” ва “Раҳматнома” сарфароз гардонида шуданд.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк