Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали №19-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

06 сентябр 2025

Бинои нави филиали №19-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк » дар шаҳри Роғун дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба истиқболи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти нав мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосир бунёд гардида, барои фаъолияти беш аз 30 нафар кормандон, ки қисми зиёдашонро занон ташкил медиҳанд, шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам овардааст.

Дар маросими ифтитоҳи бино намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Раҳмон Исломиддин Хайриддин – директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ширкат варзиданд.

Масоҳати умумии бино зиёда аз 760 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 13 утоқи барҳавои корӣ, толори маҷлис, ҳуҷраҳои нигоҳдории ашёи қиматнок, анбор, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Зимни маросим Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Алиҷон Абдуҷалол таъкид намуданд, ки ифтитоҳи филиали нав қадами муҳиме дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи Бонки давлатӣ дар бозори молиявии кишвар мебошад.

Ҳамзамон, роҳбари Бонк бар зарурати андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи маърифати молиявии аҳолӣ, такмили малакаи касбии кормандон дар самти истифодаи технологияҳои муосир ва афзоиши дастгирии қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.

Маросими ифтитоҳи филиали нави «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун аз иқдомҳои созанда ва наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк