Иштирок ва суханронии раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол дар кори ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмон ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)

26 июн 2024

Санаи 25-уми июни соли 2024, дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона таҳти раёсати ҶСК «Бонки рушди Қазоқистон» ҳамчун бонки раисикунанда ва бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод, ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди байнибонкӣ, раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Салимзода Алиҷон Абдуҷалол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаи ташаббусҳои бонкҳои аъзо ҷиҳати вусъат бахшидан ва густариш додани ҳамкориҳо дар доираи ИББ СҲШ, табодули таҷриба ва бозомўзиши мутахассисони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ, таҳия ва татбиқи шаклҳои нави ҳамгироӣ бо мақсади баланд бардоштани раванди маблағгузории муштараки лоиҳаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Илова бар ин, дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай протоколи ҷаласа ва Ёддошти тафоҳум оид ба маблағгузории Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) байни бонкҳои аъзо ба имзо расонида шуд.

Пас аз ба итмом расидани қисмати асосии чорабинӣ мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони бонкҳо сурат гирифт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк