Иштироки ҳайати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Мисри Араб

10 июн 2022

Санаи 02-юм ва 04-уми июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Мисри Араб Форуми бахши хусусии гуруҳи Бонки Исломии Рушд баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии БДА ҶТ “Амонатбонк” таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории Форум Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом ҷиҳати рушд додани ҳамкориҳо бо бонкҳои кишварҳои минтақаи Авру Осиё дар самти маблағгузории савдо, ичунин дигар намуди хизматрасониҳои муосири бонкӣ, пайдо намудани шарикони рушд ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар, вохўриҳои судманди дуҷониба баргузор намуданд.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонк бо роҳбарони Корпоратсияи суғуртаи қарзҳои сармоягузорӣ ва содиротии исломии Бонки Исломии Рушд (Islamic Corporation for the Insurance of Investment & Export Credit), Корпоратсияи байналмилалии исломии савдо ва молияви БИР Бонки Исломии Рушд (International Islamic Trade Finance Corporation (ITFC), Пажўҳишгоҳ ва Институти омўзишии Бонки Исломии Рушд (Islamic Research and Training Institute (IRTI) ва Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (Islamic Corporation for the Development of the Private Sector (ICD) низ вохўриву мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин вохуриву мулоқотҳо ин пеш аз ҳама дарёфт намудани шарикони рушд дар оянда ва пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкориҳои муштараки иқтисодиву молиявӣ ба шумор меравад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк