Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти Белорусбанк

10 июн 2022

Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти Белорусбанк

10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар ҳошияи баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва муовини якуми  Раиси Раёсати ҶСК «Белорусбанк» Поливко Александр Иосифович баргузор гардид.

Дар вохурӣ масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Белорусбанк» дар самтҳои мухталиф баррасӣ гардиданд.

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъкид намуданд, ки Амонатбонк идомаи ҳамкориҳои молиявиро дар сатҳи зарурӣ миёни бонкҳо барои ҳалли масъалаҳои молиявии соҳибкорони ҳарду кишвар муфид медонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти мулоқот масоили дар ояндаи наздик ба имзо расонидани созишномаҳо дар самтҳои маблағгузории савдо ва амалиёти пулӣ(банкнотная сделка) мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Иқдомҳои мазкур пеш аз ҳама барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ буда, имкон фароҳам меоварад, ки тамоми техникаву таҷҳизоти муосири хоҷагии қишлоқ аз Ҷумҳурии Белорус тариқи қарзҳои дарозмуҳлат, амалиётҳои лизингӣ ва ё аккредитиви ҳуҷҷатӣ дастрас карда шаванд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк