Иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк ” дар кори конфронси минтақавӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон”

01 ноябр 2021

Санаҳои 31-уми октябр ва 01-уми ноябри соли 2021 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» - Икромӣ Сироҷиддин Салом дар кори конфронси минтақавӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон”, ки бо ташаббуси Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар кори конфронс намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ва бонкҳои шарики Фонди мазкур дар мавзуъҳои “Дастрасии молиявӣ”, “Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Таъсири омўзиши соҳибкорон” ва “Маблағгузории сабз”, маърўза намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи барномаи конфронс, иштирокчиён аз дастовардҳои дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон” комёб гардида, дидан намуданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк